Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бори дигар хостори он шуд, ки ҳокимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад. «Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем», – гуфт ӯ.
Президенти Узбекистон бори аввал моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон интихобӣ шаванд.
“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, – гуфт президенти Узбекистон.
Моҳи августи соли 2017 вай эълом дошт, ки ҳозир аст, низоми интихоб шудани ҳокимон аз ҷониби халқро дарҳол амалӣ созад. “Ман инро мехоҳам. Агар [ҳокимро] мардум интихоб кунад ва ӯ ба манфиати мардум амал кунад, пас ба президент боз кӣ даркор аст? Саволи дигар: оё интихобкунандагон ва интихобшавандагон ба ин омодаанд? Оё сатҳи ҳокими интихобшуда ба воқеиятҳои замони мо мувофиқат мекунад?” – қайд кард Шавкат Мирзиёев.
Дар айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро президент таъйин ва озод мекунад. Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд. Дар айни замон, ҳокими ноҳия ва шаҳрҳоро ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд таъйин ва озод мекунанд ва аз ҷониби кенгаши (маҷлис) дахлдор тасдиқ карда мешаванд.