Имрӯз, 7-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд рафт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти вай.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ кард ва бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода дод.

Роҳбари давлат дар оғози сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар”-ро, ки бо иқтидори истеҳсоли 500 дона шифери асбестӣ дар як шабонарӯз кор меканд, ифтитоҳ бахшид.

Сипас, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои муассисаи таълимии хусусии «Ворисони илм» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар идома, президент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои навбунёди Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин» ва муассисаи томактабии «Зарзамин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бо ширкати президент дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаб-кӯдакистони «Маҳзани илм» дари худро ба рӯйи бачаҳо боз кард.

Сафари президент ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь