Роҳбари давлат зимини сафари кории худ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант дар оғоз санги асос барои бунёду азнавсозии роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор гузошта,  ҳамчунин  гармхонаи инноватсионии ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”,  пас аз таъмиру навсозӣ ҶСК “Азот”-ро дар шаҳри Левакант, бинои  Раёсати молияи шаҳр, гидроагрегати рақами 1-и НБО-и “Сарбанд” дар шаҳри Левакант ва дигар иншооти ҳаётан муҳимро мавриди истифода қарор дод.

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор”-и роҳи байналмилалии Бохтар – Левакант – Данғара – Кӯлоб оғоз бахшид.

Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз таҷдиду азнавсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.

Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуда, дар шаҳри Левакант бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро ифтитоҳ кард.

Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он ҳамаи шароити корӣ ҷиҳати фаъолияти босамари кормандони соҳаи  молияи шаҳри Левакант муҳайё сохта шудааст.

Дар идомаи сафарии кории худ роҳбари давлат дар расми истифода додани бинои Раёсати молия дар шаҳри Левакант, ки дуошёна буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, ширкат кард.

Иншооти нав бо тарҳи муосир дар масоҳати 0,09 садяк замин бунёд гардида, масоҳати зери сохтмон 285,8 метри мураббаъ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, тадбирҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Планета БАФ” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд сомон додааст.

Ҳамчунин,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” омада, гидроагрегати рақами 1-и ин иншооти муҳими энергетикиро ба кор даровард. Гидроагрегати рақами 1-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь