Дирӯз, 3-юми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон рафт. Дар ин бора Хадамоти матбуоти вай хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоишу фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан кард. Сипас, барои зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ рафт.

Дар идомаи сафар президент дар маҳалаи навбунёди Тутаки ноҳияи Ховалинг Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор дод. Бинои таълимӣ аз 11 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Сипас, бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои маъмурии ҷамоати деҳот аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 1600 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва замини зери иншоот 300 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Амфитеатрро, ки барои ду ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, бинои замонавии Чойхонаи “Чилчанор”, корхонаи парандапарварии ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг»-ро мавриди истифода қарор дод.

Президенти кишвар дар амфитеатри фаъолону сокинони ноҳияи Ховалин мулоқот ва дар ин вохӯрӣ суханронӣ ҳам кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь