Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума истеъфояшро эълон кард. Ба иттилои хабаргузории Reuters, роҳбари ин давлат баъди айбдоршавӣ дар фасодкорӣ курсиашро тарк кардааст.

Ҳафтаи ҷорӣ ҳизби ҳокими Конгресси миллии Африқо ва дабири кулли он Эйс Магашуле аз Зума талаб кард, ки ба истеъфо равад. Бар асоси қонунгузорӣ, курсии президентро бояд ноиби президент Сирил Рамафоса соҳиб шавад.

Ҷейкоб Зума соли 2009 ба курсии президентӣ нишаст ва соли 2014 барои як давраи дигар интихоб гардид. Соли 2017 вай дар фасодкорӣ ва қаллобӣ дар сохторҳои давлатӣ айбдор гардид. Пештар Конгресси миллии Африқо Зумаро аз роҳбарии ҳизб барканор карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь