Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қарори давра ба давра гузаштани забони қазоқӣ ба алифбои лотиниро ба имзо расонд.

Дар ин қарор гуфта мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон комиссияи миллӣ оид ба гузаштани алифбои забони қазоқӣ ба шакли лотиниро ташкил кунад; гузаштани марҳала ба марҳалаи забони қазоқиро ба алифбои лотинӣ то соли 2025 таъмин намояд.

Барои таъмини гузаштани забони қазоқӣ аз алифбои кириллӣ ба алифбои лотинӣ президент дастур додааст, алифбои пешниҳодшудаи забони қазоқӣ бо хатти лотинии иборат аз 32 ҳарф тасдиқ карда шавад.

То соли 2020 забони қазоқӣ бо хатти форсии арабиасос навишта мешуд, ки баъд бо алифбои лотинӣ иваз карда шуд. Ин алифбо то соли 1940 амал кард. Баъди он алифбои кириллии қазоқӣ қабул гардид, ки аз 42 ҳарф иборат буд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here