Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармони бахшидани 2700 зиндониро имзо кардааст. Қайд карда мешавад, ки ин фармон дар бораи афв нест, балки бахшиши президент аст.

Афв ба гурӯҳи маҳбусоне, ки бо ин ё он ҷурм зиндонӣ шудаанд, тааллуқ дошта метавонад, аммо бахшиш суроғаи аниқ дорад ва тақдири ҳар маҳбус инфиродӣ ҳал мешавад. Афви умумӣ дар Ӯзбекистон борҳо амалӣ шудааст (масалан, моҳи октябри соли 2016-ум 37,9 ҳазор одам афв шуда буданд), аммо бахшиши умумӣ бори аввал аст, ки сурат мегирад.

Аз моҳи сентябри соли 2017 комиссияи махсус ба муассисаҳои ислоҳотӣ рафта, бо маҳбусон суҳбат ва бо ҷузъиёти ҷинояти онҳо шинос шунидаанд. Дар натиҷа, ба хулоса омадаанд, ки 956 нафар маҳбус бояд пеш аз муҳлат озод карда шаванд. Ҳамчунин, 1744 нафари дигар, ки ҷазояшон набояд маҳрумӣ аз озодӣ бошад, бахшида мешаванд. Комиссия баъди омӯзиш ба хулоса омадааст, ки шароит ва вазъи ҳол ин одамонро ба ҷиноят кардан водор сохтааст, онҳо аз карда пушаймон шудаанд ва ба роҳи рост даромадаанд.

Бахшиш ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад. Ин сана 8-уми декабр ҷашн гирифта мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь