Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикстон, бо ҳамдастии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии “Бародарони ҳамяроқ”, Иттиҳоди маюбони ҷанги Афғонистон, ҳайати низомии пойгоҳи низомии 201-и ФР бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Боғи Шарафи ҷангии шаҳри Душнбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.

Ҳамоишро муовини раиси  Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист Саттор Ҷалилов ифтитоҳ карда, раиси Кумтаии кор бо ҷанговарони интерантсионалист Суҳроб Алимов аз таърихи шуҳрати ҷангию меҳнатӣ ва саҳми  тоҷикон дар таъмин ғалаба бар фашизм сухан кард. Пас аз лаҳзаи сукут, ба хотири  шаҳидони  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ёвари сафири Фелдартсияи Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, ёвари раиси иттиҳоди ҷанговарони интарнатсионалисти Ҷумуҳрии Узбекистон  Олимҷон Эгамов ва намояндагони собиқадорон ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Ҳикматулло Мирзоев, Шарифҷон Орипов ва муаррих Ғафур Шерматов ба пояи лавҳаи Поси хотир ва “Шуълаи ҷовид” гулчанбарҳо гузошт шуд. Дар ҳамоиш котиб якуми Сафорати Русия дар Тоҷикстон Дмитрий Петров ширкат низ дошт.

Чунин табирҳо дар ҳафтаи поси хотир дар кишвар то 15 май идома меёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь