Ёрдамчии калони сардори шуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Ҳалимов Парвиз Комилҷонович аз шаҳрванд «А» барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар прокуратураи ҳарбии минтақаи Кӯлоб озод намудан 6000 сомонӣ талаб кардааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабинихои опреативӣ-тафтишотӣ дар комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 6000 сомонӣ Ҳалимов Парвиз Комилҷонович дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Ҳалимов Парвиз Комилҷонович бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь