Улуғбек Казаков бо пешниҳоди 30 000 доллар мехост, ки падару бародарашро аз аз ҷазо озод кунад, аммо ҳангоми додани пора ба даст афтод.

Казаков Улуғбек Маъмурҷонович бо мақсади озод кардани падараш Казаков Маъмурҷон ва бародараш Казаков Фурқат, ки дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ гумонбар дониста шудаанд бо ваколатдори оперативии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Шамсуллоев Б. оиди додани пора ба маблағи 30000 доллари ИМА маслиҳат намудаанд.

Казаков У.М. 7-уми марти соли 2017 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба капитани милитсия Шамсуллоев Б. ҳамчун миёнарав барои минбаъд кумак намудан дар озод кардани падараш Казаков М. ва бародараш Казаков Ф. маблағи 59850 сомонӣ, 10000 рублӣ русӣ ва 7480 доллари амрикоиро ҳамчун пора пешниҳод кардааст, аммо кораш омад накардаву аз ҷониби мақомоти даълдор дастгир шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 20-уми апрели соли 2017 Казаков У.М. бо моддаи 320, қисми 1-и Кодекси ҷиноятй, яъне барои додани пора гунаҳкор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 50 000 сомонӣ таъин гардид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь