Мудири Агентии иктишофи марказии (Central Intelligence Agency) ИМА Майк Помпео гуфт, бино бар баҳогузории мақомоти иктишофии амрикоӣ дахолати Русия дар интихоботи соли гузаштаи ИМА ба натиҷаҳои раъйдиҳӣ таъсир нарасонидааст. Помпео дар ин бора дар суханронии маркази таҳлилии «Бунёди ҳифзи демократия» хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар моҳи январи соли ҷорӣ дар як гузориши Маъмурияти иктишофи миллии ИМА гуфта мешуд, мақомоти иктишофӣ баҳогузорӣ накардаанд, ки ҳамлаҳои киберӣ ва талошҳои таблиғотии Маскав ба интихобот чӣ таъсир доштааст.

Сухангӯи Агентии иктишофи марказӣ Дин Бойд гуфтааст, мақомоти иктишофӣ посухгӯи бахши назорат ва таҳлили тасмимҳо, эҳтимолҳои воқеӣ ва амалҳои ҷойдоштаи субъектҳои хориҷӣ ҳастанд. Омӯзиши равандҳои сиёсӣ ва ё вазъи афкори омма дар дохили кишвар ба маъмурияти мақомоти иктишофӣ шомил намешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь