Додгоҳи Покистон сарвазири собиқи ин кишвар Имрон Хонро барои ифшои сирри давлатӣ ба 10 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад хабаргузории Ассошиэйтед Пресс.

Ҷаласаи додгоҳ дар маҳбаси шаҳри Равалпиндӣ баргузор шуд, ки Хон ҳоло дар он ҷо бо иттиҳоми фасоди молӣ се соли зиндонро адо мекунад.

Ба ҷуз Хон, додгоҳ муовини раиси ҳизби мутааллиқ ба Имрон Хон «Ҷунбиши адолатхоҳаон» Шоҳ Маҳмуд Қурайширо низ маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба гуфтаи ин оҷонсӣ, дар мавриди ифшои сирри давлатӣ, Хон ба он муттаҳам мешавад, ки дар ҷараёни гирдиҳамоӣ, пас аз барканор шудан аз мақоми нахуствазир, бо як санади махфӣ ба саҳна баромадааст, ки ба гуфтаи ӯ, истеъфои вай «дасисаи» ШМА буд». Ба гуфтаи додситонӣ, ин санад мукотибаи дипломатии сафири Покистон дар Иёлоти Муттаҳида ва вазорати хориҷаи Покистон буд, ки Хон ҳақ надошт, онро ошкор кунад.

Тобистони соли 2023 додгоҳи Покистон Хонро дар фасодкорӣ гунаҳкор донист ва ба се соли зиндон маҳкум кард. Парвандае, ки Хон дар он ширкат дошт, ба тӯҳфаҳое дахл дошт, ки ӯ ҳангоми хидмат дар вазифаи раиси ҳукумати Покистон гирифта буд.

Худи Хон борҳо изҳор карда буд, ки мухолифони Покистон бо мақсади аз ҳокимият дур кардани ӯ, бо Вашингтон забон як кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь