Радиои Покистон бо такя ба полис хабар дод, ки бар асари таркишҳо дар идораи полиси шӯъбаи зиддитеррористии шаҳри Кабала дасти кам 16 полис кушта ва беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи таркишҳо бинои идораи полис комилан тахриб шудааст.

Ба гуфтаи полис, дар дохили бино лавозимоти ҷангӣ ва миномёт мавҷуд будааст. Кормандони интизомӣ бар ин назаранд, ки инфиҷор бар асари расиши кӯтоҳ дар шабакаҳои барқ ​​рух додааст, ки боиси оташсӯзӣ ва таркишҳои баъдӣ шудааст.

Тибқи фарзияи дигар, ҳамларо як бомбгузори маргталаб анҷом додааст.

Нозири генералии полиси Хайбар-Пахтунхва Ахтар Ҳаёт Хон гуфт, ки кормандони амниятӣ дар тамоми вилоят ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд.

Идораи беҳдошт дар бемористонҳои вилоят ба далели теъдоди зиёди қурбониён вазъияти изтирорӣ эълом кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь