Аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба сокинони ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сели рузҳои 14-16 май манзилҳои зисташон пурра ё қисман вайрон шуда буданд, 67 тонна семент кумак карда шуд.

Ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дасгоҳи раиси вилояти Хатлон  ба ҳар хонаводае, ки манзил бунёд мекунад, ба қадри яктоннаӣ семент дода шуд, то дар кори сохтмонӣ ба кор баранд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода ба сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар барои ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамдастӣ изҳори сипос намуда, гуфтааст, ки Тоҷикистону Покистон кишварҳои дӯсту бародар мебошанд.

Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро наздики 60 адад созишномаю ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳанд.

Байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь