Вазорати хориҷаи давлати Олмон изҳор кардааст, ки тасмими президенти Америка дар бораи эълон кардани Қудс (Байтулмуқаддас, Иерусалим) ба унвони пойтахти Исроил, метавонад заминае барои сар задани нооромӣ дар ин минтақа шавад.

Бинобар гузориши нашрияи олмонии Фокус, бинобар изҳори Олмон, чунин иқдоме метавонад заминасози нооромӣ дар Қудс, соҳили ғарб ва навори Ғазза бошад. Олмон пешниҳод мекунад, ки расонаҳои маҳаллӣ дар ин маврид иттилоот ба даст биоваранд аммо аз интишори он дар манотиқе, ки таҳти таъсири ин иқдом қарор мегиранд, худдорӣ кунанд.

Рӯзи гузашта вазири хориҷаи Олмон Зигмар Габриэл ҳам изҳор карда буд, ки интиқоли сафорати Америка аз Телавив метавонад боиси нооромӣ дар минтақа шавад.

Дар ҳоле, ки ҳушдорҳои байналмилалӣ ва исломӣ дар бораи интиқоли эҳтимолии сафорати Америка дар сарзаминҳои ишғолӣ аз Телавив ба Байтулмуқаддас идома дорад, як мақоми америкоӣ аз қасди Трамп барои изҳори ин мавзӯъ дар суханронии рӯзи чоршанбеи вай хабар додааст.

Дар хабар аст, ки Трамп интиқоли сафорати кишварашро ба Қудс мисли президентҳои собиқи ин кишвар то 6 моҳи дигар мутаваққиф кардан нахостааст.  «Имрӯз ман ба ин натиҷа расидаам: вақти он аст Иерусалимро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият бишносам», – изҳор доштааст Трамп

Гуфта мешуд, ки чанд соате аз тасмими Трамп барои интиқоли сафорати Америка ба шаҳри Қудс нагузаштааст, ки фаластиниён дар вокуниш ба ин тасмим бо ҳузур дар хиёбонҳо ба шиддат эътироз карданд ва аксҳои Трампро ба оташ кашиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь