14-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” ифтитоҳ гардид.
Намоиш аз соли 2010 то ба инҷониб гузаронида мешавад. Ба навиштаи маркази матбуоти Вазорати фарҳанг имсол дар “Китоби Душанбе” китобҳо аз 8 нашриёти кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Белорус, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои ба мо дусту бародар ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин, дар ин баробар 30 нашриёти ватанӣ низ китобҳои хешро ба намоиш гузоштанд. Дар маҷмӯъ дар намоишгоҳ зиёда аз 4000 номгӯ китоб ба намоиш гузошта шуда буд.
“Меҳмонону иштирокчиён аз намоиши китобҳои тозаэҷоди ноширони дохилию хориҷӣ дидан намуда, бо асарҳои адибони классику муосир, адабиёти бачагона, илмӣ, соҳавии кишварҳои ширкаткунанда ошноӣ пайдо карданд”, – омадааст дар хабарномаи маркази матбуотӣ.
Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” то 16-уми декабр идома мекунад.