Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда буд.

Минбаъд, ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расид. Муҳим он аст, ки мунтазам ғанӣ намудани пойгоҳи техникии филиали Ширкат дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.

Чанде пеш ба парки техникии “IRS” ҳашт адад техникаи нав – 3 худборкунаки пуриқтидори фронталӣ ва 5-нақлиёти махсусгардонишуда барои интиқоли кормандон ворид шуд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки то анҷоми сол вуруди иловагии техникаву механизмҳо дар назар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь