Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошт шудани боз як пизишк хабар дод, ки дар тақаллубкорӣ даст дошта, мехостааст бо гирифтани пора як сарбозро аз хидмати аскарӣ озод кунад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шудааст, ки Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович, дар вазифаи муовини сардухтури беморхонаи ҳарбии шаҳри Бустони вилояти Суғд кор карда, бо роҳи фиреб ва суистифода аз мақоми хизматиаш ба боварии шаҳрванд “А” даромада, аз ӯ барои озод намудани сарбози қатории қисми низомии №04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, маблағи 22 000 ҳазор сомонӣ талаб кардаааст. Ин пизишк гӯё сарбозро бемор баровада аз хидмати аскарӣ озиод мекардааст, аз ин рӯ аз вай 17 000 сомониро дар се ҳолат гирифта, боз 5 000 сомонӣ талаб кардааст.

31 майи соли 2018 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович, дар дохили ошхонаи “Эҳрон”, воқеъ шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5 000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович,   бо моддаи 247 кисми 4 бандҳои “в,г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь