Дастаи ҷавонони футболбози Тоҷикистон (U-20) дастаи мунтахаби ҷавонони Камбоҷаро шикаст дода, ба Чемпионати Осиё-2023 роҳхат гирифт. Ин бозӣ шоми 18-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуда, бо натиҷаи 2:1 бар нафъи футболбозони тоҷик хатм шуд.
Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо тимҳои Сингапур, Лубнон ва Камбоҷа қарор дошт ва бо ишғоли садри ҷадвал ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа сууд кард. Ҷавонони тоҷик бо Сингапур мусовӣ (0:0) бозӣ карданд ва Лубнонро бо натиҷаи 4:0 шикаст дода, бо касби 7 хол зинаи аввали гуруҳро гирифтанд.
Қабл аз оғози бозӣ бозигарони ҳарду даста дар ҳалқаи марказӣ саф кашида, хотираи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба таври фоҷиабор ба ҳалокат расиданд, бо як дақиқаи сукут гиромӣ доштанд. Ин анъана дар футбол ҳамчун нишони ҳамдардӣ ва таслият барои наздикони қурбониён ифода меёбад. Зикр мегардад, ки ин қарорро Федератсияи футболи Тоҷикистон бо пешниҳоди чанд тан аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯи кор гирифтааст.
Баргузории Чемпионати Осиё-2023 миёни ҷавонони то 20-сола 1-18 март дар Ӯзбекистон дар назар аст.
Тоҷикистон 2:1 Камбоҷа
Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов (58’), Хав (64’), Б. Нишонбойзода (79’)
Давлатҷон Абдуллозода