Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов тими миллии Қирғизистонро  бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон 22-юми июл дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд доир гардид.

Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов ду гол, Насратшо Исмоилов ва Баҳодур Хоҷаев якголӣ заданд. Як голи қирғизҳоро Шоҳрух Маҳмадаминов ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов 19-уми июл дар даври аввали ин мусобиқа аз тими мизбон – Узбекистон – бо ҳисоби 2:3 ва дар даври дувум аз тими Гватемала бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда буд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои гурӯҳӣ дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард.

Дастаҳои мунтахаби Гватемала, Тоҷикистон ва Қирғизистон сеимтиёзӣ гирифтанд. Бо назардошти таносуби тӯбҳо Гватемала (10-10), Тоҷикистон (7-7) ва Қирғизистон (6-10)  мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севуму чаҳорум қарор гирифтанд.

Дар бозии ниҳоии ин мусобиқа, ки 24-уми июл баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Гватемала рақобат мекунанд. Дар ин рӯз тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Мираброр Усмонов барои тимҳои миллии кишварҳои иштироккунанда як марҳилаи омодагии дастаҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мебошад, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон барпо мегардад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё, ки моҳи апрели имсол дар Бангкоки Тайланд доир гардид, мақоми чаҳорумро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2024 роҳ ёфт.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), тимҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ пайдо карданд.

Мусобиқаи байналмилалии футзал ба хотираи Мираброр Усмонов дар Тошканд

Иштироккунандагон:

Узбекистон

Тоҷикистон

Гватемала

Қирғизистон

Даври 1-ум

19 июл (ҷумъа)

Қирғизистон – Гватемала – 4:3

Голҳо: Дониёр уулу, 10, 40, Амондик уулу, 28, Аскарбеков, 35 – Фернандо Кампаняк, 1, Джонни Диас, 22, Марвин Сандовал, 27.

Узбекистон – Тоҷикистон – 3:2

Голҳо: Самандар Ризомов, 4 (0:1). Комрон Алиев, 9 – ба дарвозаи худ (1:1). Суннат Ҷӯраев, 10 (2:1). Илҳом Ҳамроев, 33 – ба дарвозаи худ (2:2). Ихтиёр Рофиев, 34 (3:2).

Даври 2-юм

20 июл (шанбе)

Тоҷикистон – Гватемала – 1:3

Голи Тоҷикистон: Самандар Ризомов

Узбекистон – Қирғизистон – 3:1

Голҳо: Ҳусниддин Нишонов (13, 31, 39) — Муҳаммад Аскарбеков.

Даври 3-юм

22 июл (душанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон – 4:1

Голҳо: Фирӯз Бекмуродов, 11, 17, Насратшо Исмоилов, 24, Баҳодур Хоҷаев, 32 – Шоҳрух Маҳмадаминов, 12.

Узбекистон – Гватемала – 5:4

Голҳо: Музаффар Аҳадҷонов 3, – 1:0. Жонни Диас 8, – 1:1. Акбар Усмонов 9, – 2:1. Аброр Ахмедзянов 18, – 3:1. 14.Самариддин Беркинов 31, – 4:1. Акбар Усмонов 34, – 5:1. Женнер Паниагуа 38, – 5:2. Аброр Аҳмедзянов (автогол) 39, – 5:3. Марвин Сандовал 39, – 5:4.

24 июл (чоршанбе)

17:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

Тоҷикистон – Қирғизистон

19:30 – Финал

Узбекистон – Гватемала

Макони баргузории мусобиқа: Тошканд, маҷмааи варзишии «Юнусобод».

Нарзуллоҳи Латиф

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь