Дар вилояти Курск низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Укроин ду сарбози Куриёи Шимолиро, ки аз ҷониби Русия меҷангиданд, асир гирифтанд. Дар ин бора Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин, бо нашри акси асирон хабар дод.
«Сарбозони мо сарбозони Куриёи Шимолиро дар вилояти Курск асир гирифтанд. Ин ду сарбоз ҳарчанд маҷрӯҳ шуданд, зинда монданд ва ба Киев бурда шуданд”, – навиштааст ӯ дар шабакаи телеграми худ. Ба гуфтаи раҳбари Укроин, ин кор (асир гирифтан) осон набуд, зеро маъмулан русҳо ва дигар хидматчиёни ҳарбии Куриёи Шимолӣ захмиҳоро нобуд мекунанд ва ҳама корро мекунанд, то далели дахолати як давлати дигар (Куриёи Шимолӣ) боқӣ намонад».
Сарвари Укроин қайд кард, ки ин ду сарбози Куриёи Шимолӣ мисли дигар маҳбусон аз кумакҳои зарурии тиббӣ бархурдор мешаванд. Вай ҳамчунин ба Хадамоти амнияти Укроин дастур дод, ки ба хабарнигорон дастрасӣ ба ин асиронро фароҳам оварад ва таъкид кард, ки “ҷаҳон бояд бидонад, ки чӣ рӯй медиҳад”.
Зеленский гуфт, агар Ким Чен Ун, раисиҷумҳури Куриёи Шимолӣ, тавони табодули онҳоро бо укроиниҳои асир дар Русия дорад, Киев омода аст, сарбозони асиршудаи Куриёи Шимолиро ба раҳбари онҳо супорад.