Полиси Куриёи Ҷанубӣ президенти барканоршудаи Куриёи Ҷанубӣ Юн Сок Йолро боздошт кард, хабар медиҳад Yonhap.

Муфаттишон ва полиси Куриёи Ҷанубӣ пас аз он ки кормандони амниятии президент даромадгоҳро бо мошинҳо бастанду монеъ шуданд, барои ворид шудан ба маҷмааи истиқоматии Йол аз нардбон истифода карданд. Ҳазорон нафар, аз ҷумла тарафдорони Йол, дар назди манзили ӯ ҷамъ омада буданд, дар ҳоле ки гурӯҳе аз вакилони мардумӣ ва вакилони мудофеи Йол низ талош карданд, аз боздошт дар дохили маҷмааи истиқоматӣ пешгирӣ кунанд. Дар пайи боздошт дида шуд, ки кортежи раисиҷумҳур Йол бо ҳамроҳии пулис аз қароргоҳи худ берун меравад. Ин дуюмин кӯшиши боздошти Йол буд. Қаблан маъмурони интизомӣ, ки қасди иҷрои дастури боздоштро доштанд, бо муқовимати Хадамоти амнияти раисиҷумҳур рӯбарӯ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба далели ҷорӣ шудани вазъияти низомӣ дар Куриёи Ҷанубӣ аз 3-юми декабри соли ҷорӣ ба президент импичмент эълон шуда буд. Вай қаблан гуфта буд, ки ин барои пешгирӣ кардани нерӯҳои тарафдори Куриёи Шимолӣ ва ҳифзи сохти конститутсионии озод анҷом шудааст. Ин амр дарҳол 4-уми декабр бекор карда шуд. Аз 300 нафар аъзои парламент 190 нафар ба тарафдории бекор кардани вазъияти ҳарбӣ овоз доданд. Баъдан раисиҷумҳур ва вазири дифои кишвар Ким Ён Ҳён аз шаҳрвандон узр хостанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь