Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё  бар дастаи «Олмалиқ»-и Узбекистон бо натиҷаи 3:2 пирӯз шуд. Голҳоро дар ҳайати “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Як голи дигарро легионери сербиягии «Олмалиқ» Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.

Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои Осиё-2021 футболбозони Душанбе бо дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мусовӣ (0:0) бозӣ карда буданд.

Дар бозии дигари давр дуюми гурӯҳи “А” клуби “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бар дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Пас аз натиҷагирии ду давр “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо 4-холӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд.

Дар даври сеюм, 21-уми апрел, “Истиқлол” бо дастаи “Ал-Аҳлӣ”, ки соли 2019 ғолиби Лигаи чемпионҳои Осиё гардида буд, вомехурад.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

«Олмалиқ» (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:3

Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь