Донишомӯзи тоҷик дар Ҷоми таэквондо ITF-и Осиё, ки дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тило гардид. Дар ин хусус «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.
Дар ин мусобиқа донишомӯзи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ба номи Бозор Собири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Алиҷон Мансуров ғолиб шуда, савзовори медали тило гардид.
Мусобиқа аз 8 то 13-уми апрели соли 2025 бо иштироки зиёда аз 800 варзишгар аз 28 кишвар баргузор шуд.
Блоки рекламавӣ