Мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт ба далели ба охир расидани муҳлати шартномааш аз вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро канор рафт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Таҳти роҳбарии ин мутахассис дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бомуваффақият ширкат карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петар Шегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос ва ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно кардааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петар Шегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст. Инчунин, таҳти роҳбарии Шегрт дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид, ки яке дар соли 2022 дар мусобиқаи «King’s Cup-2022» дар Таиланд ва дигаре дар соли 2023 дар «Ҷоми Мердека» дар Малайзия буд.

ФФТ хабар дод, ки номи сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь