Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ваҳшонияти худсарона ҷазо додани як ҷавонзан ва сангсор кардани як ҷавонмардро дар Афғонистон, ки навораш чанд рӯзи охир саҳифаи “Ютюб”-ро “оро” медиҳад, маҳкум кард.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз, 7-уми феврал, зимни нишасти матбуотии вазорат бо изҳори таассуф гуфт, феълан Афғонистон кишвари ҷангзада аст ва рух додани чунин воқеаҳои амри табиист.

– Ин амал беадолатӣ ва аз доираи мусулмонию инсонӣ комилан берун аст. Чунин ваҳшоният бори нахуст нест, ки дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон рух медиҳад. Ин чизҳоро мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли дунёи башардӯст маҳкум мекунанд. Худо кунад, ки ҳарчи зудтар дар ин кишвар сулҳу амонӣ барқарор гардад ва давлату давлатдорӣ танзим шавад, – гуфт вазир.

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар Файзи Олӣ, ки суолро вобаста ба ваҳшонияти амали сангсор дар Афғонистон ироа кард, аз вазир дархост намуд, ба ҳукумати кишвар расонад, то сардори Раёсати табъу нашри вазорат Давлат Сафарро ба ҳайси сафир ба Афғонистон фиристанд.

– Пешниҳод дорам, ки Давлат Сафар дар Афғонистон сафир таъйин шавад, то ин қавми ҷоҳилро насиҳат кунад. Зӯри Худо нарасид, зӯри ӯ мерасад, – пешниҳод кард Файзи Олӣ.

Амали ҷазои худсарона калтаккӯб кардани як ҷавонзани 22-сола дар вилояти Тахори Афғонистон дар ҳолест, ки гӯё дар набудани шавҳараш як ҷавон аз хешони зан барои паноҳ бурдан аз сардӣ ба хонааш даромада, тӯли 3 соат он ҷо мондааст. Падар ва бародарони духтар, пас аз бохабар шудан аз ин ҳолат, духтарро берун кашида, дар пеши чашми наздикони шавҳар ӯро калтаккӯб кардаанд.

Дар ин навор дида мешавад, ки издиҳоми бузург зани дар рӯяш ниқобро гирд кардаанд ва чанд нафар зери нидои “Аллоҳ Акбар” ӯро дар пеши чашми мардум бо чӯб мезананд. Шавҳари ин зан дар мусофирати меҳнатӣ дар Эрон будааст.

Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳукми ба чунин шакл ҷазо додани ин занро имомони ин минтақа содир кардаанд ва муҷозот бо амри фармондеҳони маҳаллӣ сурат гирифтааст.

Сангсори ҷавони мутаҳам ба зино низ ҳамаро ба даҳшат овард. Дар навор дида мешуд, ки як издиҳоми бузург ин мардро сангборон мекунанд ва ӯ бо дастонаш сарашро пӯшида, аз дард нолаву фарёд мекунад.

Қонунгузории Афғонистон сангсорро манъ кардааст. Дар минтақаҳои таҳти назорати ҷангҷӯён ин ҳукм зиёд истифода мешавад, вале бадбахтона, дар вилоятҳои дар назорати давлати Афғонистон буда низ амалҳои сангсор зиёданд.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь