Хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Мурғоб»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти ғайриқонунии маводи таркандаи пиротехникиро пешгирӣ карданд.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Ховар» иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин амал санаи 28-уми декабри соли 2017, соати 19:40 сурат гирифтаст. Ҷинояткор истиқоматкунандаи деҳаи Сармуғули вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон аз мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser» таҳти ронандагии Қушбай Мамбедқулови 23-сола, зодаи ноҳияи Мурғоб, аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Мурғоб» боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили мошин 5 қуттӣ, ки  дар дохили онҳо зиёда аз 600 кг маводи таркандаи пиротехникӣ мавҷуд буд, дарёфт гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь