Дар Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо дигар кишварҳо талош меварзанд.

Дар Душанбе ахиран омӯзишии “Самаранокии захираҳо дар истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ” баргузор гардид. Он ба пешбарии таҷрибаҳои устувори истеҳсолот ва истеъмоли (УИИ) дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тамоми занҷири таъминот мусоидат намуда, дар баробари фароҳам овардани муҳити мусоид тавассути кластерҳои саноатӣ ва саҳмгузорӣ дар ноил шудан ба стратегияҳои рушди миллӣ мусоидат мекунад.

Ба иттилоъи дастрас ба “Фараж”, таҷрибаҳои УИИ ба баланд бардоштани самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва татбиқи равишҳои нав барои ҳалли норасоии захираҳо равона карда мешаванд.

Аз чумла, масъалахои истифодаи об, талафи махсулот, сарфаи энергия ва ғайра фаро гирифта мешаванд. Дастгирии кластерӣ ба баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкорони маҳаллӣ равона хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь