Аз 15 то 17-уми ноябри 2023 дар шаҳри Сан-Франсискои ИМА саммити 30-юми Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид. Дар доираи ин форум раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин ба Амрико сафар намуд, ки он як воқеаи муҳим дар робитаҳои дуҷонибаи Пекин ва Вашангтон ба шумор меравад, зеро ин ду давлат тайи чанд соли охир муносибатҳои печида доштанд.

Форуми Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором 6-7-уми ноябри 1989 дар доираи конфронси вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Канберра таъсис меёбад. Ҳадафҳои ҳамоиш амиқтар кардани ҳамгироии иқтисодӣ, тавсеаи тиҷорат ва боло бурдани рушди иқтисодӣ дар минтақа буд. Форуми ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором оиннома надорад ва ҳамчун платформаи машваратии байналмилалӣ амал мекунад, аз ин рӯ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ онро созмон номидан намешавад. Ба он 21 давлат шомиланд ва қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон, 50%-и савдои ҷаҳонӣ ва 60%-и содироти Амрикоро дар бар мегирад. Ҳамчунин сармоягузориҳо ба давлатҳои аъзо $1,7 триллионро дар бар мегирад. Имрӯзҳо ин платформа нуфузи зиёде пайдо кардааст ва чандин кишварҳои Осиё ва Амрикои Лотинӣ дархости худро барои узвият пешниҳод кардаанд. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик Ҳиндустон, Покистон, Муғулистон, Колумбия, Коста-Рика аъзои ин ҳамоиш гарданд.

Кадом зарурат кишварҳои дигари осиёиро барои узвият водор мекунад? Ба онҳо чӣ манфиат меорад? Якум, Форуми ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором зиёда аз 40 %-и аҳолӣ, 54%-и ММД ва тақрибан 50%-и савдои ҷаҳониро дар бар мегирад. Яъне, шомил шудани кишварҳои осиёӣ ба ин Форум аз ҷиҳати иқтисодию тиҷоратӣ хеле муфид мебошад.

Дуюм, ҳадафи Форуми ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором баланд бардоштани рушди иқтисодӣ, шукуфоии минтақа ва таҳкими ҷомеаи ҷуғрофиёи мазкур мебошад. Шароити зерин ба кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пеш раванд. Чун тамоми кишварҳои иштирокдори Форум кӯшиш мекунанд, ки вазъи иқтисодии тамоми кишварҳои аъзо беҳтар гардад.

Сеюм, нафъи асосӣ дарёфти сармоягузорӣ аз кишварҳои аъзо мебошад. Ин ба кишварҳо имкон медиҳад, ки саромягузонро аз кишварҳои қудратманд (масалан, ИМА, Чин, Русия ва дигар кишварҳо) дарёфт ва ба иқтисоди худ ҷалб кунанд. Ба ин васила имкони беҳтар кардани шароити иқтисодӣ муҳайё мешавад.

Чорум, баромадан ба бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ. Ҳадафи стратегии форум ин таъсиси низоми озоди тиҷоратӣ мебошад. Ин ба кишварҳои Осиё имконият медиҳад, ки молҳои худро озодона ба бозорҳои ҷаҳонӣ бароранд ва инчунин молҳои кишварҳои дигари аъзоро озодона дастрас кунанд.

Чандин кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дархости худро барои шомил шудан пешниҳод кардаанд. Аз ин рӯ, шомил гардидани кишварҳои осиёӣ ба ин ҳамоиши иқтисодӣ хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад, зеро қисми зиёди кишварҳои осиёӣ ба беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва густариши тиҷорат эҳтиёҷ доранд.  Бинобар ин, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баррасии узвият дар платформаи мазкур аз манфиат холӣ нест, чун ба густариши сиёсати бисёрсамтии онҳо мусоидат мекунад.

Исломиддин Ҷӯраев,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь