Пентагон силоҳи сохти шӯравиро барои шӯришгарони Сурия аз Қазоқистон харидорӣ кардааст. Ин хулосаро Маркази тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP) дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи журналистони тадқиқотгари Балкан пешкаш кардааст. Дар ин бора сомонаи интернетии «Русская весна» иттилоъ додааст.

«Пентагон пудратчиёни зиёд: аз корпоратсияҳои азими ҳарбӣ-саноатӣ то ба ширкатҳои бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ алоқамандбударо барои иҷрои ин амал кироя кардааст. Бо кӯмаки онҳо Пентагон ба шӯришгарони Сурия, ки кайҳо боз бо «Давлати исломӣ» (ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Россия ва Тоҷикистон манъ карда шудааст) меҷанганд, аслиҳа ва тирҳои сохти шӯравиро ба маблағи 2,2 миллиард доллари ИМА харидорӣ карда, ирсол намудааст» – омадааст дар хулосаи тадқиқот.

Ба эътимоди журналистон истеҳсолкунандагони  аслиҳаи ҷангӣ, ки дар кишварҳои Балкан ва Аврупои шарқӣ ҷойгир ҳастанд ва бе ин ҳам барои таъминоти ҷанги Сурия бо тамоми иқтидори мавҷуда кор мекунанд, имкони қонеъ гардонидани ин талаботи Пентагонро надоштанд. Бинобар ҳамин Вазорати мудофиаи ИМА талаботи стандартиро мадди назар карда, ба таъминкунандагони силоҳ аз Қазоқистон муроҷиат кардааст.

Силсилаи амалиёти интиқол додани силоҳ ба Сурия берун аз барномаи аллакай басташудаи СРУ оид ба мусаллаҳгардонии шӯришгарони дар муқобили президент Башар Асадбуда (ҷангиён гуфтан ба маврид аст – РВ) сурат гирифтааст.

Мувофиқи татқиқот, Пентагон силоҳро бо ду роҳ харидорӣ кардааст: ба воситаи Фармондеҳии амалиётҳои махсус (SOCOM), ки ҳамаи амалиётҳои махсуси артиши ИМА-ро идора ва роҳбарӣ мекунад ва ба воситаи ташкилоти илмӣ-ҳарбии тадқиқотӣ ва истеҳсолии Picatinny Arsenal.

Аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ аз Аврупо ба кишварҳои Туркия, Урдун ва Кувайт ҳам ба воситаи баҳр ва ҳам ба воситаи ҳавопаймоҳо интиқол дода мешаванд. Сипас бо истифода аз мошинҳои боркаш ва ҳавопаймоҳо байни иттифоқчиёни ИМА дар қисмати шимолӣ ва ҷанубии Сурия тақсим мешавад.

Мувофиқи нишондоди ҳазорон санадҳо дар бораи харидорӣ, ки аз тарафи журналистони Маркази тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP) ва Иттиҳодияи журналистони тадқиқотгари Балкан мавриди омӯзиш қарор гирифтанд, то моҳи майи соли 2017 (маълумот дар бораи солҳои пеш мавҷуд нест) Фармондеҳии амалиётҳои махсуси ИМА (SOCOM) аз мамлакатҳои Афғонистон, Булғористон, Босния ва Гертсоговина, Чехия, Қазоқистон, Полша, Руминия, Сербия ва Украина ба маблағи умумии 238,5 млн доллари ИМА тир ва силоҳ харидорӣ кардааст.

Умуман, тибқи ҳисоби тадқиқотгарон, Пентагон нақша дорад, ки барои иттифоқичиёни суриягии худ 2,2 млрд доллари ИМА сарф кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь