7-уми ноябр, дар майдони Парчами шаҳри Истаравшан маросими мутантани истиқболи ғолибони  Олимпиадаи байналмилалии “Дониш” дар Анталия бо иштироки муовини раиси шаҳри Истаравшан Мӯъминзода Фирӯза Исроил, сардори раёсати маорифи шаҳр Гулрӯ Пӯлотова, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидон баргузор гашт.

Дар ибтидо, Мӯъминзода Фирӯза Исроил сухан карда, ғолибонро шодбош гуфт. Гуфта шуд, ки дар партави сиёсати маорифпарварона ва ояндаофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба рушди бемайлон ворид гардидааст, ки дар натиҷа хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби дастовардҳои назаррас мегарданд.

Дар идома сардори раёсати маориф Гулрӯ Пӯлотова ибрози назар карда, зикр дошт, ки  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан дар Олимпиадаи байналмилалии “Дониш” дар Анталия сазовор иштирок карда, соҳиби 3 ҷом, 1 медали тило, 5 медали биринҷӣ ва 9 ҷойи ифтихорӣ гаштанд, ки ин аз меҳнати софдилонаи аҳли маорифи Истаравшан дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки як қатор роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан бо сипосномаи кумитаи тадорукоти Олимпиада қадр шуданд, ки дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 30-юми октябр то 6-уми ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш” дар Анталия аз фанҳои математика, забони англисӣ, забони русӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва футбол баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр соҳиби 3 ҷом, 1 медали тило, 5 медали биринҷӣ ва 9 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла,  Очилов Муҳаммад – хонандаи Литсейи №1  аз фанни забони туркӣ ҷойи аввал,  Умарқулов Асилбек – хонандаи МТМУ №9, Якубов Некрӯз – хонандаи гимназияи №2,  Сабуров Суҳроб хонандаи гимназияи №5, Қурбонов Абдумӯмин хонандаи гимназияи №1 аз фанни география сазовори мақоми сеюм ва Қурбонов Абдумӯмин хонандаи гимназияи №1 аз фанни математика соҳиби ҷойи сеюм шуданд. Инчунин Бақоев Диловар – хонандаи МТМУ №2,  Бобоҷонов Давлат – хонандаи гимназияи №6, Байзоев Мубин – хонандаи гимназияи №1, Ҷумаев Меҳроҷиддин – хонандаи МТМУ №32  низ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь