Бо шарофати боварии мизоҷони Бонки Эсхата сандуқи пасандози муҳлатноки Бонк афзоиш ёфта, ба санаи 27.03.23-юм 1 миллиард сомониро ташкил дод.

Дар навбати худ Бонки Эсхата дар соли 2022 беш аз 83 миллион сомониро ба мизоҷоне, ки пасандози муҳлатнок кушоданд, маблағи даромад пардохт кард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мизоҷони Бонки Эсхата даромади устувори ғайрифаъол (пассивӣ) доранд.

Фоизи хуб, ба тарзи осон ва қулай кушодан ва пур кардани пасандоз, тавассути бонки мобилии “Эсхата Онлайн” ва муҳимтар аз ҳама, бе ташриф ба  бонк ва надоштани маблағи калон дар даст, зеро мизоҷон метавонанд ҳатто бо 1 сомонӣ пасандоз кушоянд, ба пасандозгузорони мо имконият дод, ки пули нақди худро ба мо бовар кунанд.

Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони кишвари мо ҳатто ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштан, суратҳисоби корти худро пурра карда, баъдан пасандозро пурра менамоянд, ба шарте, ки истифодабарандаи мушаххаси «Эсхата Онлайн» бошанд.

Айни ҳол фоизи пасандози муҳлатнок дар Бонки Эсхата 18% солона буда, барои пасандозҳо бо сомонӣ ва ба муҳлати зиёда аз 1 сол муқаррар карда шудааст. Ин фоизи баландтарине, ки имрӯз Бонки Эсхата пешниҳод мекунад.

Бонки Эсхата яке аз се бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон аст, ки мақоми бонки низомсозро эътироф гаштааст. Дорои мақоми бонки низомсоз будан яке аз меъёрҳое мебошад, ки мизоҷ метавонад ҳангоми интихоби бонк барои кушодани пасандоз, кам кардани хатари талафот ва боварӣ ҳосил кардан ба дараҷаи баланди ҳифзи пасандоз роҳнамоӣ намояд.

Пасандози мизоҷон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешавад. Фаъолияти Бонки Эсхата ҳамасола аз ҷониби Оҷонсии рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» баҳогузорӣ карда мешавад ва ҳамасола аз ҷониби «Big Four» – чаҳор шабакаи калонтарини ширкатҳои аудиторӣ ва машваратӣ дар ҷаҳон мавриди санҷиш қарор мегирад.

Бонки Эсхата мизоҷони худ – амонатгузоронро қадрдонӣ намуда, барои боварӣ ба бонк изҳори сипосмандӣ баён менамояд. Шумо ҳам ба мизоҷони мо ҳамроҳ шуда, барои ба даст овардани манбаи ғайрифаъоли даромад оғоз кунед.

Худи ҳозир аризаро барои кушодани пасандоз гузоред https://promo.eskhata.com/18btl

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комебиҳо!”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь