Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад, сарони давлатҳои Русияву Туркия дар тамоси телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев аз амалкардаш дар вазъи рухдода дар Қароқалпоқистон ҷонибдорӣ карданд. Қаблан Тоҷикистон низ аз талошҳои президенти Ӯзбекистон ҳимоят карда буд.

Эътирозҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистон 1-уми июл, баъд аз пешниҳоди лоиҳаи нави Конститутсия шурӯъ шуданд. Дар тарҳи нави ин санад пешниҳод гардида буд, ки ин минтақа аз соҳибихтиёрӣ ва аз ҳаққи ҷудо шудан аз Ӯзбекистон тавассути раъйпурсӣ маҳрум карда шавад.

Дар ҷараёни бетартибиҳо дар шаҳри Нукус, пойтахти Қарақалпоқистон, 18 нафар ба ҳалокат расида, 243 нафар захмӣ шуданд.

Пас аз эътирозҳо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Нукус рафт. Ӯ дар мулоқот бо вакилони маҳаллӣ таклиф кард, ки аз лоиҳаи Конститутсия пешниҳод дар бораи мухторият хориҷ карда шавад. Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки муҳокимаи лоиҳаи тағйирот то 15-уми июл тамдид гардида, мухторияти Қарақалпоқистон нигоҳ дошта шавад.

Дар ин баробар, тавре Гвардияи миллӣ ва Прокуратураи генералии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, 516 нафар ширкаткунандагони бетартибиҳо дастгир шудаанд.

Ҳоло Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президентҳои Русия ва Туркия, аз иқдомоти Шавкат Мирзиёев барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистон ҳимоят кардаанд.

Қаблан аз талошҳои президенти Ӯзбекистон сарони дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон низ ҳимоят карда буданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, байни Мирзиёев ва Путин ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ шуд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ зимни сӯҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев аз талошҳои ӯ барои тазмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон ҳимояти қотеъона эълом кард.

Тарафҳо дар мавриди нишасти Созмони кишварҳои турк, ки ноябри 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь