Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибирь» ва «Северный ветер»-ро ба Тоҷикистон манъ кардааст. Дар ин бора имрӯз «Ховар» аз қавли директори ин Агентӣ Икром Субҳонзода хабар дод.
Ба гуфтаи Субҳонзода, ширкатҳои мазкур нархи билетро бар хилофи созишнома боло бурдаанд. «Онҳоро огоҳ кардем, ки агар нархи билетро паст накунанд, парвозҳо лағв мешаванд. Онҳо протоколро имзо каданд, вале шартҳои онро ба иҷро нарасониданд. Қарори мо танҳо ба ҳимояи манфиатҳои мусофирон нигаронида шудааст», — гуфт директори Агентӣ.
Агентии авиатсияи гражданӣ бо чор ширкати ҳавопаймоии Русия — «Уральские авиалинии», «Ютэйр», «Сибирь» ва «Северный ветер» — арзиши билетро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Русияро мувофиқа карда буд.
Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нархи билет набояд аз 8500 сомонӣ зиёд бошад, аммо, бисёре аз мусофирон шикоят мекунанд, ки арзиши он ба 15 ҳазор сомонӣ расидааст ва билетҳо барои ду моҳ харида шудаанд.
«Ширкатҳои ҳавопаймоӣ пеш аз ҳама бояд манфиати мусофирони худро фикр кунанд ва нархи ғайривоқеии билетро муқаррар накунанд», — гуфтааст Субҳонзода.
Ба гуфтаи ӯ, «Сибирь» ва «Северный ветер» метавонанд парвозҳоро аз сар гиранд, агар онҳо адолат нишон дода, арзиши билетро бо мувофиқаи ҷонибҳо муқаррар кунанд.