Ширкати ӯзбекии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» боз ҳам арзиши билети хатсайри Тошканд-Душанберо кам кард. Нархи он 100 сомонӣ арзон карда шуда, акнун парвоз ба як самт 910 сомонӣ ва рафтубаргашт 1585 сомонӣ арзиш дорад.

Ширкати миллии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ин тасмимро барои ҷалби бештари мусофирон роҳандозӣ кардааст. Аавали моҳи октябр ҷониби Ӯзбекистон нархи парвоз ба ин хатсайрро кам карда, ба 1010 сомонӣ расонда буд. Акнун роҳкиро боз сад сомонӣ арзон шуда, ба 910 сомонӣ расидааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар фурудгоҳи Тошканд барои парвоз кардан ба шаҳрҳои хориҷӣ бе виза ба муддати 24 соат қарор гиранд.

Хатсайри доимӣ дар масири Тошканд-Душанбе 11-уми апрел боз шуд, ки аввалҳо дар як ҳафта ду парвоз амалӣ мешуд, акнун он як маротиба аст, ки рӯзи сешанбе ба нақша гирифта шудааст. 

Акс аз “Ап”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here