Парвиз Мушарраф, президенти пешини Покистон, пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 79-солагӣ дар Дубай, даргузашт.

Мушарраф соли 1943 дар Деҳлӣ таваллуд шудааст. Баъди ба даст овардани истиклолияти Покистон у академияи харбиро хатм карда, дар ҷангҳои зидди Ҳиндустон иштирок кардааст. Ӯ дар нирӯҳои мусаллаҳи Покистон чанд мақом дошт ва дар соли 1998 раиси ситоди артиши Покистон шуд.

Вай дар соли 1999 дар Покистон дар пайи табаддулоти низомии бидуни хун ба қудрат расид. Мушарраф бори нахуст сарвазири ин кишвар шуд ва аз соли 2001 то соли 2008 президент буд. Вай дар соли 2008 дар пасманзари импичмент ихтиёран истеъфо дод.

Мушарраф, ки чанд сол дар хориҷа зиндагӣ мекард, кӯшиш кард, ки бо истифода аз интихоботи соли 2013 дубора ба қудрат баргардад. Ӯ дар робита ба парвандаҳои ҷиноии хиёнат ба ватан ва куштори сарвазири собиқ Беназир Бҳутто дар соли 2007 боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Дар соли 2016 ба Мушарраф иҷоза дода шуд, ки барои табобат ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар кунад ва аз он замон то кунун дар он ҷо буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь