Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки рӯзи 11-уми ноябр оғоз ёфт, имрӯз ва фардо низ идома хоҳад кард.

Дар маросими ифтитоҳи нишасти мазкур бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми 85 кишвари дунё, ноиби президенти Шӯрои тадорукоти Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Триша Шетти, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, канслери Олмон Ангела Меркел ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутериш суханронӣ намуданд.

Дар он иштирокдорон масъалаҳои марбут ба мудирияти глобалӣ, аз ҷумла амният ва сулҳ, муҳити зист, рушди устувор, технологияҳои нав ва иқтисоди инклюзивиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистонро ҳайати расмӣ бо роҳбарии раиси МНМО Шукурҷон Зуҳуров муаррифӣ мекунад.

Дирӯз, пас аз анҷоми суханрониҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар ҷаласаи пленарии Форум, Шукурҷон Зуҳуров китоб таҳти унвони “Меъмори сулҳ”-ро (ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ) доир ба нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии сулҳу субот ва шукуфоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, онро ба китобхонаи “Сул”-и Париж тақдим карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь