Дирӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷекат нахустин Бурҷи китоб дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Дар маросими ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода,зиёиёни шаҳр, ғолибони даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.

Барномаи ҷолиби бадеӣ бо қироати ашъори устод Рӯдакӣ, устод Садриддин Айнӣ, устод Лоиқ, гуфтаҳои бузургон дар бораи китоб ба ин маросими зебо хотима бахшид.

Бурҷи китоб аз панҷ сафҳа – рамзи Панҷекат, сутуни атласпӯш – тимсоли Роҳи абрешим ва пар – рамзи илҳому эҷод, рамзи курраи замин бо харитаи Тоҷикистон иборат буда, дар қисмати болои он дар сатри равон шоҳбайтҳо рӯшан мешаванд.

Бобо Солеҳзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь