Дар толори калони Маҷмааи эҷодиву фарҳангии Лоиқ дар шаҳри Панҷакент шоми шеъру суруд бо ширкати шоирон Фарзона ва Озарахш доир гардид.

Дар шоми базму шеър ҳамчунин як гурӯҳ олимону адибон аз шаҳри Душанбе ва маркази вилоят иштирок доштанд.

Толор аз хонандагону донишҷӯёну устодон ва фарҳангиёни Панҷакент пур буд.

Ба андешаи ширкатдорони ин базми фарҳангӣ, он хеле хотирмону дилнишин гузашт, зеро шоирон Фарзона ва Озарахш шеъру ғазал, таронаю хотироти хешро аз бузургон қисса мекарданду ҳамзамон Озарахш суруд мехонд.

Ин ду шоири шинохта ҳамқаламону шоирони ҷавононро рӯи саҳна хонда, эшонро низ ба замзамаи шеър даъват карданд.

Шоир Фарзона гуфт, дар пойтахти шеър, шаҳри Панҷакент, ки зодгоҳи устодони бузург, Рӯдакиву Лоиқу Сармаду Мастон Шералӣ ва даҳҳо дигар, баргузории ингуна маҳфили шеърхонӣ орзуи ӯ буд.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь