Дар шаҳри Панҷакент дар доираи ташаббуси идоракунии хатари офатҳои табии барномаи рушди СММ, семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар ин семинар намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор аз қабили Шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент, шабакаҳои барқ, сохтмону меъмории ҳукумати маҳаллӣ, хоҷагии об, идораи сӯхторнишонӣ, экология, бахши ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Панҷакент ва ғайра иштирок карданд.
Ҷаҳонгир Деҳқонов, мушовири миллӣ оид ба идоракунии хатари офатҳои табии барномаи рушди СММ, ҳадафи семинарро баланд бардоштани савияи малакаи мутахассисони маҳалӣ оид ба таҳия ва тадбиқи нақшаи идоракунии офатҳои табии шаҳри Панҷакент шарҳ дод.
Ташаббуси мазкур айни замон дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд ҳамчун тарҳои таҷрибавӣ амалӣ мешавад, ки барои рушиди устувори ин минтақаҳо равона шудаанд, – гуфт ҷаноби Деҳқонов.
Хуршед Фозилов