Имрӯз дар шаҳру деҳоти  Панҷакент аз иди забон истиқбол карданд. Ҳукумати шаҳри Панҷакент ба муносибати 32-юмин солгарди Рӯзи забони тоҷикӣ як ҳамоиши мутантанеро дар кохи устод Лоиқ баргузор кард. Дар ҳамоиш аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳот, адибону олимон, рӯзноманигорон ва масъулону роҳбарон ширкат карданд.

Ҷамъомадро раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода оғоз бахшида ҳозирин ва кулли мардуми кишварро бо Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфт. Мавсуф дар суханронии хеш гуфт:

– Хушбахтона, агарчӣ аз забони тоҷикӣ 11 аср гузаштааст, вале насли имруз ин забонро хуб мефаҳманду ин забонро истифода мекунанд .

Холиқзода афзуд, ки ҳоло кам забонҳое мондаанд, ки онро соҳибонаш то ба имруз истифода баранд.

Сипас аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи маданияти ҳукумати шаҳри Панҷакент бо сарварии мудири шуъба консерти идона ба ҳозирин намоиш дода шуд. Ҳамчунин, хонандагони макотиб нисбати забони модарӣ аз ашъори шоирон, аз ҳазрати Рӯдакӣ то ба устод Лоиқу шорони ҷавон, шеърҳо қироат карданд.

Шоҳин Облоқулзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь