Ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори МИҲД-и шаҳри Панҷакент ҷаъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоиш  дар Кохи устод Лоиқ бо ширкати кормандони  МИҲД, намояндагони муассисаву корхонаҳо, аҳли адаб ва фаъолони шаҳру рустоҳо доир гардид.

Нахуст табрикоти раиси вилояти Суғд Аҳмадбой Раҷабзодаро ба ин муносибат ба намояндагӣ аз ҳукумати вилоят Толибзода қироат намуда, ҳозирин ва кулли мардуми шаҳру деҳоти Панҷакентро ба муносибати Рӯзи Конститутсия шодбош намуд.

Сипас, раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар низ сокинон ва кулли мардуми кишвари азизамонро табрику таҳният намуд. Ӯ зимни баромадаш аз ҷумла ёдовар шуд, ки маҳз натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар кишвар ва шаҳру деҳоти он сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ пойдор аст.

– Мардум бо дили пур ва ҳисси баланди ватандустӣ ба ободкориву созандагии кишвари  соҳибистиқлоли хеш машғуланд, – гуфт ӯ.

Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

Шоҳин Облоқулзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь