Дар шаҳри Панҷакент мусобиқаи саққобозӣ (биллиард) барои дарёфти ҷоми овозхони саршинос Афзалшоҳ Шодиев баргузор мегардад. Дар ин бора аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Фирӯзҷон Бобоев иттилоъ дод, мусобиқа бо ширкати дӯстдорони ин намуди варзиш, 10-уми декабр баргузор мегардад, ки барои таҳкими дӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шудааст.
Самад Самадов, яке аз ташкилкунандагони ин мусобиқа гуфт, барои ғолибони ҷойҳои 1,2 ва 3-юм мукофотҳои пулӣ ва барои иштирокчиёне, ки бозии зебо мекунанд, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш муқаррар шудааст.
Мусобиқаи бозии биллиард дар толори саққобозии “Равшан” баргузор мешавад.
Баргузории мусобиқа барои дарёфти ҷоми Афзалшо Шодиев, падидаи навест, ки то кунун дар ин шаҳр назираш набуд.
Дӯстони ҳунарманд мегӯянд, Афзалшоҳ Шодиев дар баробари овозхони касбӣ будан, дӯстдори бозии саққо низ мебошад.