Дар литсейи шаҳри Панҷакент бахшида ба 110-солагии қаҳрамони халқи тоҷик, шоири маъруф Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ адабӣ баргузор гардид. Ин конфронс бо ибтикори муаллими забон ва адабиёти литсей Бахтиёр Султонов созмон дода шуд.
Ба он намояндагони шӯъбаи маориф, устодон аз Донишкадаи
Омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, омӯзгорону шогирдон ва волидайни онҳо даъват шуда буданд.
Бахтиёр Султонов конфронсро оғоз карда , доир ба фаъолият ва эҷодиёти ин қаҳрамони халқи тоҷик маърӯза кард. Сипас, шогирдони дабистон аз ашъори Мирзо Турсунзода порчаҳо қироат карданд. Намоиши филми ҳуҷҷатӣ аз рӯзгори шоир низ ба намоиш гузошта шуд.
Саҳначаҳои театрикунонидашудаи достони “Ҷони ширин” аз тарафи омӯзгорон хеле шавқовар буду ҳозиринро ба ваҷд овард. Дар рафти ҳамоиш гуфтору шеърҳои бузургон ва шоирон дар васфи Турсунзода аз ҷониби муҳассилин қироат шуданд.
Лаҳзаи дигари ҷолиб таври саҳнавӣ садо додани шеъри ” Дили модар” ва филми мустанад бо номи “Роҳи охирин” дар бораи видои мардум дар рӯзи вафоти Мирзо Турсунзода буд.
Дар охири ин конфронси илмӣ меҳмонон Абдулқодир Наҷмиддин, Маҳбуба Ҳабибӣ, Шоҳин Облоқулзода ва чанди дигар андешаҳои худро баён доштанд ва ба таъсисдиҳандагону иштирокдорони ин ҳамоиш изҳори миннатдорӣ карданд.