Ба муносибати Рузи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10-уми ноябр доир мегардад, як гурӯҳ ҷанговарони интернатсионалист  кори хайру савоберо ба анҷом расониданд. Онҳо дар ин рӯз бо сарварии раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти  шаҳри Панҷакент Алибой Баротов ба дидорбинии  як тан аз собиқадорони милиса Муҳаммадқул Саримсоқов рафта,  бо ин марди накӯном суҳбат оростанд.

Маҳмадқул Саримсоқов подполковники мустафъии милиса хатмкардаи мактаби махсуси милитсияи шаҳри Тошканд ва баъдан  Академияи назди ВКД-и  собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои 1963 – 1966 дар  шаҳри Маскав будааст.

Баъди хатми ин боргоҳҳои  илм  солиёни зиёд ҳамчун донандаи хуби касби хеш дар садорати назди ВКД Тоҷикистон, сониян дар навоҳиву шаҳрҳои Регар, Қайроқум, Хуҷанд ва Панҷакент ба ҳайси муовин ва сардори шуъбаи корҳои дохилӣ тӯли беш аз 30 сол кору фаъолият кардааст.

Аз рӯи нақли мардум дар солҳои фаъолияти хеш ин марди накуном ҳамеша адолату ҳақиқат ва иҷрои қонунро реҷаи кори худ медонистааст. Ҳамин аст, ки насли калонсолу миёнсоли шаҳру деҳоти Панҷакент ин марди накӯноми 87-соларо агарчӣ аз соли 1985 бознишастааст чун ном мебаред, зуд ба ёд овардаву “беҳтарин сардори милиса буданд”  мегӯянд. Ин марди накӯном имруз дар иҳотаи фарзандону набераву абера ва чабераҳо давлати пирӣ меронанду худро инсони хушбахт меҳисобанд.

Дар суҳбати хеш пири хираду адолатпеша, подполковники мустафъии милиса Муҳаммадқул Саримсоқов дар умум ба  ҷавонону иштирокдорони сӯҳбат рӯ оварда, чун сарвари кордида насиҳат карданд: “Ҷавонон ояндаи мо, шумо ҷанговарони интернатсионалист идомадиҳандаи кори мо наслҳои калонсолу пиронсол ҳастед! Хуб дар хотир гиред, ки ҳеҷгоҳ мансабпарасту мансабдӯст нашавед, балки одамдӯсту адолатпарвар, ҳақиқатҷӯву ҳақиқатгӯ ва созандаи кори нек шавед. Дар он сурат мардум шуморо, ҳастед ё нестед, ба некӣ ёд хоҳад кард. Ин аст маънои зиндагӣ!”

Дар навбати худ мо низ ин марди нексиришт ва кулли кормандони милисаи тоҷикро бо иди касбиашон Рӯзи милисаи тоҷик шодбош мегӯем.

Шоҳин Облоқулзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь