Мероҷиддин Ҳотамов, як тан аз қассобони авлодиву касбии шаҳри Панҷакент, бо ибтикори хеш гӯштро 55 сомонӣ мефурӯшад. Ин дар ҳолест, ки дар дуконҳои гӯштфурушии шаҳри Панҷакент гӯшти гов 65 сомонӣ, лаҳм ва қиммааш 75 сомонӣ ва гӯшти гусфанд 70 сомониро ташкил медиҳанд.
Қассоб Мероҷиддин Ҳотамов зимни суҳбат гуфт, дар рузи аввали даҳаи паррони моҳи шарифи Рамазон тасмим гирфтааст, ба хотири, андаке ҳам бошад, ба мардум сабукӣ овардан, нархи гуштро 10-15 сомонӣ аз дигар гӯштфурӯшиҳо арзон кунад.
– Сар аз ҳамин рӯз, на танҳо дар моҳи мубораки Рамазон, балки баъди он ҳам бо ҳамин нарх гӯшти гову гӯсфандро хоҳам фурӯхт, – афзуд ӯ.
Рустам Шеров як тан аз харидорон амали ин қассоби савобҷӯйро кори хайр дар ин моҳи шариф шуморида гуфт, ки маъмурияти бозори Панҷакент ин ташаббусро дастгирӣ ва миёни дигар қассобону дуконҳои гуштфурӯшӣ на танҳо таблиғ, балки ҷорӣ кунанд, хеле барои мардум ёрӣ мешавад.
Харидори дигар Раъно Раҳимова, ки омузгор будаасту ба қавли худаш маоши ночизе мегирад, иброз дошт, вақте дидааст, гушти гов 55 сомонӣ аст, бовар накардааст, аммо чун ба 110 сомонӣ 2кг гуӯшти хуб доданд, итминон кардааст, ки ҳақиқат аст.
Мероҷ Ҳотамов гуфт ин кори ӯ на аз барои таблиғ, балки барои савобу дастгирии мардум аст.
Чуноне харидорон гуфтанд, хуб мебуд, амали неки ин қассобро кормандони масъули ҳукумати шаҳр ва раиси бозори марказӣ миёни дигар қассобон ба роҳ мемонданд, ки ин амр барои мардум хеле муфид мешуд.
Шоҳин Облоқулзода
Бехтарин