Чор нафар сокини деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар натиҷаи заҳролуд шудан ба ҳалокат расидаанд. Ин сокинон, ки ба истихроҷи ғайриқонунии ангишт машғул буданд, дар кони ангишти наздикии шаҳраки “Ишакон” воқеъбуда фавтидаанд.

Ҳодисаи мазкур 2-уми январи соли 2022 рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода 3-юми январ хабар додааст. Ба гуфтаи КҲФ сокинон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз оксиди карбон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳалок шудаанд.

“Вақте ки онҳо бегоҳ ба хона барнагаштанд, хешовандон бонги хатар заданд. Онҳо соати 20:30 ба ҷои ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо ба макони истихроҷи ангишт ворид шуда, ҷасади мурдагонро берун бароварданд” – менависад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

Инчунин, ба гуфтаи ниҳоди мазкур, барои тафтиши пурра ва рӯшан кардани ҷузъиёти бештари ҳодисаи мазкур гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд.

Дар ин баробар КҲФ аз сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки худсарона ба истихроҷи ангишт машғул нашаванд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь