Шаҳри Панҷакент даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши кишварро пеш аз муҳлат ба анҷом расонидааст. Дар ин бора комиссари Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент Фирдавс Шарифзода ба farazh.tj иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти полковник Шарифзода, нақшаи даъвати наваскарони соли таваллудашон 1998-2003 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар Панҷакент 35 рӯз пеш аз мӯҳлат, бе “облава”-ю дигар корҳои ғайриқонунӣ иҷро гардид.

– Дар ҳамкорӣ бо ТҶММ беш аз 160 нафар ҷавонро, ки дар мактаби ронандагӣ таҳсил мекарданд, ихтиёрӣ ба аскарӣ гусел кардем, ки ин боиси ифтихор аст, – гуфт Фирдавс Шарифзода.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон аз 1-уми октяб то 31-уми ноябр идома меёбад, ки маъмулан ин айёмро дар байни мардум мавсими “облава” меноманд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь