Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҷониби  Кумитаи идораи замини ноҳия давоми нуҳ моҳи  соли  2023 ба миқдори 288 ҳолати   вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, қонуншиканҳо  ба маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Муовини раиси Кумитаи замини ноҳияи мазкур Далер Сафаров ба “Фараж” гуфт, нисбати 288 нафар санад барои дар маҳал бартараф намудани қонунвайронкунӣ дар майдони  51,83 га китъаи замин  тартиб дода шуда, қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд.

Ба иттилои ӯ қонуншиканҳо мутобиқи моддаҳои 141, 142, 143, 146, 148, 151, 156, 159, 162  ва 164-и КҲМҶТ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 80 ҳазору 492 сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки аз ин  ба миқдори 65492 сомонӣ ба суратҳисоб ворид гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь