Як судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз сӯи директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳияи мазкур дар маҳзари ом мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Судя Сайдаҳмад Зайдуллозода дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” латукӯб шуданашро тасдиқ карда гуфт, ҳодиса нимарӯзи 10-уми май, пас аз садамаи нақлиётӣ, дар маркази ноҳия рух дод. Судя гуфт, садама бо айби директори совхози қароқулпарварии “Панҷ” Абдулҳаев Абдухалил, маъруф ба “махсуми Халил”, ба вуқуъ пайваст, ки Абдулҳаев ӯро дашному ҳақорат ва баъдан ҷонибаш ҳамла карда, задааст. Зайдуллозода амали “махсуми Халил”-ро “хусумат ва ғарази шахсӣ” унвон кард.

– Хусумати директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳияи Панҷ Абдулҳаев А. нисбат ба ман, ҳамчун судя, пас аз он сар зад, ки моҳи марти соли равон номбурда, бо дахолат ба кори судя, аз ман талаб карда буд, то аз баррасии як парванда вобаста ба баҳси замини наздиҳавлигии ду сокини ҷамоати деҳоти “Озодагон” даст кашам, аммо ман талаби ӯро рад карда, рӯзи 9-уми март, тавассути суди сайёр, бо намояндагони идораи заминсозӣ ва кормандони милисаи ноҳия ба ҷои баҳсӣ рафтем ва даъворо дар ҷояш ҳал кардем. Он рӯз ҳам Абдулҳаев А., пас ҷавоби рад шуниданаш, маро таҳдид карда, суханони қабеҳ гуфта буд. Баҳс чунин буд, ки нафари бо як оилаи маъюб дар ҳамсоягӣ зиндагидошта, чанд метр замини маъюбонро забт ва онро аз худ карда будааст ва Абдулҳаев тарафи шахси забткорро гирифта, мехост, ки ин масъаларо ман дар суд баррасӣ накунам, – гуфт Зайдуллозода.

Зайдуллозода мегӯяд, бо вуҷуди он ки чанд зарбаи Абдулҳаев ба пӯшти сараш бархӯрдаву то чанд рӯз беҳолу бемадор буд, ҳоло сари кор аст.

– Худи ҳамон рӯз аз рӯи амали махсуми Халил ба Прокуратураи ноҳия бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кардам ва раиси суди ноҳияро ҳам дар ҷараён гузоштам. Ба Суди Олии Тоҷикистон ҳам гузориши муфассал навиштам. Баъди ҳодиса бо аломатҳои фишорбаландӣ ва сарчархзанӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия муроҷиат карда, дармон гирифтам. Аз ташхиси судӣ ҳам  гузаштам ва ҳоло натиҷаашро интизорам, – илова кард судя Зайдуллозода.

Шикояти судяи суди ноҳияи Панҷ Зайдуллозода Сайдаҳмад аз латукӯб шуданаш дар ҳолест, ки прокурори ноҳия Холиқзода Абдулфайз ва раиси суд Абдураҳмонзода Бахтиёр аз ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд, аммо муфаттиши прокуратураи ноҳия Фаридун Раҳматуллозода дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт, баёноти судя Зайдуллозода гирифта шудааст ва ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад.

Директори совхози қароқулпарварии “Панҷ” -и ноҳияи Панҷ Абдухалил Абдулҳаев дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт бо Зайдуллозода хусумат надорад ва муноқиша бо айби ӯ рух дод.

– Баъд аз он ки судя бо мошинаш ба қафои мошини ман зад, фаромада дашному ҳақоратам дод ва як мушт ба сарам зад. Ман ҳам барои муҳофизат аз худам бо ӯ даргир шудам, – гуфт Абдулҳаев.

Ҳодисаро пайгирӣ хоҳем кард.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Хабари хушу гуворо, таскинбахшу рухафхо. Илтимос, чунин хабархо бисёртар шаванд. Рахмат ба муаллиф ва ахли захмат.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь